- бинӣ
- [بيني]узви ҳисси шомаи инсон ва ҳайвон, димоғ: бинии борик, бинии дароз, бинии уқобии нӯгхамида, парраи бинӣ, теғаи бинӣ; бинӣ афшондан нафасро бошиддат аз бинӣ бароварда холӣ кардани роҳи нафас аз оби бинӣ, бинӣ кашидан бо бинӣ ҳаворо сахт ба дарун кашидан, то ин ки оби бинӣ начакад2. қисми пеши чизе: бинии киштӣ, бинии кафш◊ дар таги бинӣ наздик; хеле наздик; ду даст дар бинӣ а) бо дасти хушку холӣ, бе дастовез; б) ба чизе соҳиб нашуда; ба мақсад нарасида; бо бинӣ заминро хат кашидан бо гардани хам, сархамона; бинии касе бӯй бурдан аз чизе пай бурдан, бохабар шудан аз сирре; биниро боло гирифтан ҳавобаланд шудан, писанд накардан дигаронро; аз бинии касе баровардан (чизеро) ба нохушӣ гирифтор кардани касе дар ҷавоби кирдораш, ҷазои амали нодурусти касеро додан; қасди чизеро аз касе гирифтан; аз бинии касе баромадан бо нохушӣ анҷом ёфтан (-и коре, хурсандие); ҷазои амали нодурусти худро дидан; аз бинӣ боло гап задан ба касе гапи аз ҳадди муқаррарӣ сахттар задан; ба касе дурушт муомила кардан; биниашро гиред (доред), ҷонаш мебарояд хеле лоғару нотавон аст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.